Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Акс > Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)


23 март 2017, 10:30. Разместил: hd
Сабукрави «Мерседес-Бенс» баъд аз се рўзи корҳои ҷустуҷўӣ бо ду ҷасад аз дарёи Сир берун оварда шуд.

Умеда Юсуфова, сухангўи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, шоми 21-уми март, соати 17:45 дақиқа сабукрави «Мерседес-Бенс», ки нимашаби 18 ба 19-уми марти соли равон аз болои пули «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо 3 нафар ба дарёи Сир афтод, берун оварда шуд: «Ҳангоми ҳозир шудани гурўҳи фаврӣ-тафтишотии ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса муайян гардид, ки ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», Парвиз Мирзоев, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд зимни ҳаракат дар кўчаи Гагарин аз самти маҳаллаи Пулчуқур ба самти маҳаллаи 31-ум дар болои пули «Ҷашнӣ» ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба монеагири роҳ бархўрда, аз болои панҷараи кўпруки мазкур ба дарёи Сир афтодааст».

Хонум Юсуфова афзуд, дар натиҷа Иброҳим Шомусалламови 22-сола, сокини шаҳри Душанбе об шино намуда, наҷот ёфт: «Вале ронанда Парвиз Мирзоеви 28-сола ва мусофири дигари он Амид Назарбекови 24-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, шоми 21-уми март ҷасади ин ду нафар аз дохили нақлиёти ғарқшуда дарёфт гардид».




Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Берунории "Мерседес" бо 2 ҷасад аз Сир баъди 3 рӯз (АКС+ВИДЕО)

Вернуться назад