Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Пулис пойтахтро аз мошинҳои куҳна пок мекунад
Главная > Туркманистон > Пулис пойтахтро аз мошинҳои куҳна пок мекунад

Пулис пойтахтро аз мошинҳои куҳна пок мекунад


10 апрел 2017, 14:11. Разместил: hd
Дар чанд рӯзи ахир Хадамоти амният дар роҳҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон шумори зиёди худравҳои куҳнаро, ки аксаран навъи "Жигули"-и истеҳсоли шӯравӣ ҳастанд, ба ҷаримагоҳ овардааст.

Ба гуфтаи ронандагоне, ки мошинҳояшон ба ҷаримагоҳ бурда шудаанд, пулис онҳоро дар роҳ боздошт карда, бе ҳеч огоҳӣ гуфтааст, мошинҳояшронро метавонанд баъдтар аз ҷаримагоҳ бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Ишқобод бовар доранд, ки аз кӯчаҳо боз доштани мошинҳои фарсуда ва қадимӣ ба баргузории Бозиҳои Осиё-2017 рабт дорад. "Жигулии фарсуда ягона воситаи рӯзгузаронии ман аст. Агар ҳоло маро маҷбур кунанд, ки ҷарима супор, баъдтар нагузоранд, ки ин мошинро истифода барам, чи гуна метавонам зиндагиамро пеш барам?", - мегӯяд як сокини 60-солаи Ишқобод.

Мақомоти Ишқобод то кунун манъи мошинҳои қадимиро дар кӯчаҳои шаҳр шарҳ намедиҳанд.

Ҳукумати Туркманистон борҳо талош кард, ки истифодаи мошинҳои фарсуда ва қадимиро дар кишвар манъ кунад.


Вернуться назад