Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шаш кило асали тоҷикиро ба Русия роҳ надоданд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Шаш кило асали тоҷикиро ба Русия роҳ надоданд

Шаш кило асали тоҷикиро ба Русия роҳ надоданд


12 апрел 2017, 09:55. Разместил: MG
Дар фурудгоҳи Челябински Русия шаш кило асали як шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шудааст.

Раёсати хадамоти федеролии ветеринарии вилояти Челябинск гуфтааст, ин бор асноди ветеринарӣ надошт ва аз ин сабаб мусодира ва маҳв карда шуд. Ба иттилои манбаъ, кормандони шӯъбаи назорати ветеринарӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ин асалро ба Русия овардааст суҳбат намуда, ба ӯ тартиби интиқоли бор ва боғоҷи дастиро фаҳмондаанд.

Дар гузашта ҳам расонаҳои русӣ аз мусодираи меваҳои хушк аз мусофирони тоҷикистонӣ бо далели надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ зиёд хабар додаанд.


Вернуться назад