Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дар Тоҷикистон 443 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Дар Тоҷикистон 443 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст

Дар Тоҷикистон 443 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст


24 апрел 2017, 16:47. Разместил: MG
Дар қаламрави Тоҷикистон 443 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), бо шумули панҷ зан дар қайди ҳаёт ҳастанд. Ин нуктаро Валӣ Сайёрабеков, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба “Авеста” иброз доштааст.

Ба гуфтаи Сайёрабеков, сину соли собиқадорони ҶБВ аз 90 бештар аст, аз ин рӯ ҳамарӯзи теъдоди онҳо коҳиш меёбад. “Ба ҳолати 15 апрели соли 2016 дар кишвар 639 собиқадор сабт шуда буд. Давоми як сол 166 нафари онҳо даргузаштанд”,—изҳор доштааст вай.

Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг 93 ва бузургтаринаш 117 сол доштаанд.

Ӯ таъкид намуда, ки бахшида ба Рӯзи ғалаба дар ҶБВ – 9 май ба собиқадорон аз номи Президент, ҳукумат ва мақомотҳои маҳаллӣ кумаки якдафъаинаи пулӣ тақдим мегардад.

Солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ ба ҷанг сафарбар гардида, 92 ҳазори онҳо дар майдонҳои ҳарб кушта шуданд.


Акс аз бойгонӣ

Вернуться назад