Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)
Главная > Тоҷикистон, Ҳуқуқи инсон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)


15 май 2017, 16:01. Разместил: MG
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили амнияти минтақаӣ беадолатии иҷтимоиро яке аз заминаҳои инкишофи тундгароиро мебинад. Ӯ мегӯяд, барои риояи адолати иҷтимоӣ бояд ришвахорӣ, тақсими ноадолатонаи замин, шароити номусоиди таҳсил дар донишкадаҳо ва сатҳи пасти зиндагиро барҳам зад.

9 СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ “САФАРБАР КАРДАН”-И ҶАВОНОН БА СУРИЯВУ ИРОҚ

Додгоҳи Исфара Бахтиёр Солиев, сокини 24-солаи ин шаҳрро барои ташкили “иттиҳоди ҷиноятии ифротӣ” дар Русия ва “сафарбар кардан”-и ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ин ҷавонро дар асоси 2 банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва “Ташкили иттиҳоди экстремистию даъват ба ифротгароӣ”, айбдор донистаанд. Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, Бахтиёр Солиев 15-уми январи соли 2017, баъд аз 2,5 соли муҳоҷират дар Русия ба шаҳри Исфара баргашта, аз сўйи пулис боздошт шудааст: “Солиев дар Русия як гуруҳи ҷиноятӣ таъсис дода, ҷавононро ба Сурияву Ироқ сафарбар мекард. Барои ин навъи ҷиноят аз 8 то 20 соли зиндон муқаррар карда шудааст, вале барои эътирофу ҳамкории судманд ба тафтишот ҷазои ӯро камтар кардаанд”.

ВОҲИДОВ: ҶИНОЯТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ТАМОЮЛИ БОЛОРАВӢ ДОРАНД

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар нишасти солонаи хабариаш изҳор дошт, ки ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта тамоюлӣ болоравӣ доранд. Ӯ рўзи 13-уми январи соли равон ба рўзноманигорон гуфт, соли 2016 алайҳи 30 нафар 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд фиристода шудааст: “Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз он ҷумла, прокуратура низ ҳамчун субъети муборизабаранда бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Ҷиноятҳое, ки характери террористӣ ва экстремистӣ доранд, тамоюли болоравӣ доранд”.

Ҷаноби Воҳидов дар идома афзуд, бинобар он ки кормандони прокуратура ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўӣ машғул нестанд, ин ба функсияи прокурор дохил намешавад: "Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд, ки бевосита кори онҳо барои бурдани фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўӣ вобаста аст. Кормандони прокуратура, бештар муфаттишон бо тафтиши чунин парвандаҳо машғул ҳастанд. Яъне, тафтиш мекунанд, айб эълон мекунанд, ба суд мефиристонанд барои моҳиятан баррасӣ намудан. Барои ҳамин ман қайд кардам, ки дар давраи соли 2016 аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура 130 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 30 нафар барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол карда шудааст".

ҚОДИРӢ: ТЕЪДОДИ ЧУНИН АФРОД НАЗАР БА 3 СОЛИ ПЕШ ХЕЛЕ КОҲИШ ЁФТААСТ

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)Раиси вилояти Суғд мегӯяд, 322 сокини шимоли кишвар дар ҷангҳои Сурия қарор дорад. Абдураҳмон Қодирӣ ин нуктаро 17-уми январи соли ҷорӣ аснои нишасти хабарии солонааш ба журналистон изҳор дошт. Ӯ гуфт, аз ин теъдод 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон рафтаанд. Миёни сокинони шимоли кишвар, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 25 духтар низ будаанд. Теъдоди ҳалокшудаҳо ба 51 нафар мерасад. Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 сокини Суғд иштирок доранд. Аммо вай гуфт, теъдоди чунин афрод назар ба 3 соли пеш хеле коҳиш ёфтааст: “Аллакай мардум фаҳмиданд, ки ин ҳама дасисаҳои гурўҳҳои баъзе аз ашхосу давлатҳое ҳаст ва мо низ аз ин хеле хурсанд шудем. Мо корҳои фаҳмондадиҳиро ягон дараҷа суст накардаем ва дар ҳама шаҳру ноҳияҳо он идома дорад”.

Раиси вилоят инчунин афзуд, ки дар баробари ин дар қаламрави вилоят 193 нафар бо иттиҳоми қасди халал расонидан ба сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон боздошт шудаанд: “Феълан мақомоти дахлдор алайҳи онҳо чораҳо андешида истодаанд”.



ХУДДОРИИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК АЗ ДОДАНИ БАРХЕ МАЪЛУМОТ

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)Раёсати умури дохилии Суғд минбаъд аз пешниҳоди маълумот дар бораи шомилшавии одамон ба равияҳои террористиву ифротӣ ва онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд, худдорӣ мекунанд. Ин нуктаро Шариф Назарзода, сардори ниҳоди мазкур зимни як нишасти ахири хабариаш дар Хуҷанд изҳор дошт. Генерал Назарзода мегўяд, ин иқдом бар асоси таклифу пешниҳоди падару модарон ва коршиносон гирифта шудааст: “Доимо ман сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Ба ман муроҷиат карданд, падару модарон ва коршиносон. Шумо ба ҳолати рўҳии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонед, ҳангоми баромадҳову дар бархе мавридҳо. Таҳлил карда баромадем, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷой дорад”.

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд инчунин афзуд, ки дар нишастҳои матбуотӣ ва умуман чизеро аз хабарнигорон пинҳон намекард. Дар ҳолате, ки ҷиноят содир шавад, саривақт ба журналистон хабар медод. “Вақте мо аз додани ҳамин шумораҳо худдорӣ кардем, ҳоло кам шудааст. Барои ҳамин дар баромад ҳам ман дар бораи худкушӣ низ нагуфтам. Мо дар баъзе мавридҳо реклама мекунем”,- афзуд Шариф Назарзода.

Ӯ гуфт, минбаъд аз пешниҳоди баъзе чизҳое, ки ба ҷавонон таъсири рўҳии манфӣ мерасонад, худдорӣ хоҳад кард: “Мана як маротиба мо бо воситаи телевизион барои пайдо кардани наздикони як зане, ки аз болои пуле дар назди Шўъбаи ВКД худро партофт, муроҷиат кардем, дар давоми як ҳафта 5-6 нафар аз дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Мана реклама кардем-ку! Ман ҳаминро хостам гуфтам, ки баъзе чизҳое ҳастанд, ки таъсир мерасонад ба ҳамон ҳолати равонии ҷавонон, на ин ки онҳо ба шаҳрвандон низ”.




3 МИНТАҚАИ ОСЕБПАЗИРИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)Шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ва ноҳияи Спитамен аз маҳалҳои осебпазири Суғд дар масоили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро арзёбӣ карда шуд. Лоиқшо Зикирзода, раиси суди ноҳияи Спитамен аснои суҳбат дар нишасти хабарии 1-уми феврали Суди вилояти Суғд гуфт, ин ноҳия баъд аз Исфараю Истаравшан сеюмин минтақаи осебпазир аз лиҳози гароиши ҷавонон ба сафи гурўҳҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад: “Давоми соли 2016 судяҳои суди ноҳияи Спитамен алайҳи 7 нафар 6 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки аз ин шумора 2 нафар дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ ширкат варзидаанд. Ин 2 нафар ҳангоми бозгашт аз ҷониби мақомоти дахлдори Русияву Тоҷикистон боздошт гашта, баъд аз тафтишот суд шудаанд. Алайҳи 5 тани дигар бо ҷурми пайвастшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ додгоҳ ҳукми худро баровардааст”.




КОРШИНОС: ВАҚТЕ САТҲИ ЗИНДАГӢ ПАСТ МЕШАВАД, ТАМОМИ АРЗУ ШИКОЯТ БА СӮЙИ ҲОКИМИЯТ РАВОНА МЕГАРДАД

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили амнияти минтақавӣ яке аз заминаҳои инкишофи тундгароиро дар беадолатии иҷтимоӣ мебинад. Ў дар як суҳбати вижа гуфт, имрўз дар Тоҷикистон беадолатии иҷтимоӣ вуҷуд дорад: “Худатон медонед, ки ришвахўрӣ, сохторҳои маҳаллӣ дар баъзе ҷойҳо заминро одилона тақсим намекунанд, барои хондан дар донишкадаҳо шароити дуруст фароҳам намеоранд, ҳарчанд пешравӣ имрўз аён аст. Бояд ана ҳамин заминаҳо пеш аз ҳама нобуд шавад”.

Ҷаноби Мирсаидов инчунин яке аз сабабҳои дигари тундравиро дар бўҳрони иқтисодӣ рабт дод: “Вақте ки бўҳрони иқтисодӣ ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад, албатта сатҳи зиндагии мардум паст мешавад. Вақте паст мешавад, тамоми арзу шикоят ба сўйи ҳокимият равона мегардад, аз ҷумла норозигию эътирозҳо. Барои ҳамин, тундравӣ сабабҳои худро дорад”.




Имрўз мушкилоти “вабои аср» – терроризму экстремизм, тамоми аҳли башарро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Барои барҳамдиҳии он башарият мубориза мебарад, аз ҷумла, Тоҷикистон. Коршиносони соҳа ифротгароӣ ва тундгароиро ҳамчун «мушкилоти маҷмўӣ” медонанд. Бино ба андешаи онҳо, мубориза бар зидди ин вабои аср бояд мунтазам ва пайдарпай сурат бигирад.

Мирсаидов: Тундгароӣ дар заминаи беадолатии иҷтимоӣ инкишоф меёбад (ЧАНДРАСОНАӢ)


Ҷамшед МАЪРУФ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Вернуться назад