Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шӯрои уламо нияти дурусти рӯзаро эълон кард
Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ, Тема дня > Шӯрои уламо нияти дурусти рӯзаро эълон кард

Шӯрои уламо нияти дурусти рӯзаро эълон кард


29 май 2017, 13:05. Разместил: hd
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар пайи дархости шаҳрвандон нияти дурусти рӯза ва дуои кушодани онро бо тарҷума дар сомонааш ҷой додааст.

Тибқи иттилои Шӯрои уламо нияти рӯза чунин аст: “Навайту ан асума ҳозал-явма мин шаҳри Рамазон минал-фаҷри илал-мағриб. Тарҷума: Ният кардам рӯзаи ин рӯзи моҳи Рамазон дорам, аз субҳи содиқ то намози шом”.

Манбаъ афзуд, ки дуои кушодани рӯза чунин аст: "Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту бираҳматика ё арҳамар-роҳимин. Тарҷума: Худоё, барои Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам, бар Ту таваккул кардам ва ба ризқи додаат ифтор намудам, эй меҳрубонтарин меҳрубонон, ба раҳмати Ту умедворам”.

Вернуться назад