Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Талоши сокини Норак барои ба Маскав бурдани тангаҳои таърихӣ
Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Тема дня > Талоши сокини Норак барои ба Маскав бурдани тангаҳои таърихӣ

Талоши сокини Норак барои ба Маскав бурдани тангаҳои таърихӣ


1 июн 2017, 09:58. Разместил: MG
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини 39-солаи шаҳри Норакро бо иттиҳоми қасди ба Русия бурдани тангаҳои таърихӣ боздошт кардааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, боздошти ӯ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ин мард талош кардааст, тавассути хатсайри “Душанбе-Маскав” 14 танга ва як нишони сарисинагиро интиқол бидиҳад: “Мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ тангаҳои мусодирашуда дорои қиммати таърихиву фарҳангӣ-нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун манъ карда шудааст”.

Манбаъ дар шарҳи чигунагии тангаҳо навиштааст, “як адад тангаи фулузии “5-Марка”, соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии ҷашнии “Марк”, соли бароришаш 1910, як адад сиккаи фулузии “Вилгелма ва Августо”, соли бароришаш 1961, як адад сиккаи тангаи фулузии “Вилгелм-2”, соли бароришаш 1910, як адад тангаи фулузии “Паул ван Хиноенбург”, соли бароришаш 1935, як адад тангаи фулузии “Франк АОС Император Австрия”, соли бароришаш 1981, як адад сиккаи тангаи фулузии “2-Лево”, соли бароришаш 1882, як адад тангаи фулузии “Один рубл”, соли бароришаш 1924, як адад тангаи фулузии “Николай-2”, соли бароришаш 1897, як адад сиккаи тангаи фулузии “Один полтинник”, соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии “50-Копеек”, соли бароришаш 1922 ва ду адад тангаҳои рангашон заррин, ки ба заробхонаи шаҳри Ҳисор, асри 17-18 тааллуқ доранд ва як адад нишони сарисинагии “Материнская Слава”.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Вернуться назад