Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Иқрори Зулайхо: Таваккал ба Худо, ҷарроҳии пластикӣ кардам (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Рӯ ба рӯ, Видео, Тема дня > Иқрори Зулайхо: Таваккал ба Худо, ҷарроҳии пластикӣ кардам (ВИДЕО)

Иқрори Зулайхо: Таваккал ба Худо, ҷарроҳии пластикӣ кардам (ВИДЕО)


12 июн 2017, 13:25. Разместил: hd
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони маъруфи тоҷик дар пайи сарусадои зиёд ахиран эътироф кард, ки ҷарроҳии “пластикӣ” гузарондааст.

Маҳмадшоева дар барномаи интернетии рӯзноманигор Орзу Исоев, бо номи “Фақат рост бигӯ” росташро гуфтааст, ки бинияшро ҷарроҳӣ кардаст: “Ростӣ, чанд сол пеш ҳис кардам, ки нафаскашиям каме мушкилӣ дорад. Ман, ки сарояндаам, бояд озод нафас кашам”.

Зулайхо афзудааст, ки барои кушодани роҳи нафас чор моҳ қабл дар Маскав ҷарроҳии пластикӣ гузаронд: “Вақте гуфтанд, ҷарроҳӣ мекунем, шакли бинӣ низ тағйир меёбад. Аввал зиқ шудам, чунки мухлисонам маро бо ҳамин чеҳра қабул кардаанд. Дигар таваккал ба Худо ҷарроҳӣ кардем”.


Ҷузъиёти дигар аз ҳаёту эҷодиёти Зулайхоро дар навори зер тамошо кунед:


Вернуться назад