Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дмитрий Глуховский: Путинро тоҷикон интихоб мекунанд...
Главная > Тоҷикистон, Муҳоҷир > Дмитрий Глуховский: Путинро тоҷикон интихоб мекунанд...

Дмитрий Глуховский: Путинро тоҷикон интихоб мекунанд...


17 июн 2017, 09:44. Разместил: MG
Нависандаи рус Дмитрий Глуховский гуфтааст, дар интихоботи ояндаи Русия низ Владимир Путин сари қудрат хоҳад монд.

Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ ба торнамои “Sobesednik.ru” мегӯяд, Путин дигарбора ҳамчун раисҷумҳур интихоб мешавад. Интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ дар Русия соли 2018 дар назар аст. Ба ақидаи Глуховский, Алексей Навалний, яке аз мухолифони сарсахти Путинро ба интихобот роҳ намедиҳанд ва коммунистҳову “жириновскийҳо” чун маъмул ба зону зада, аз Путин ҷонибдорӣ мекунанд: “Путинро тоҷикони шукронагӯ ва қафқозиҳои буҷавӣ бо натиҷаи 75 дарсад интихоб мекунанд. Путин то замоне сари қудрат мемонад, ки аз пирӣ намирад. Кишвари мо ба як монархияи роҳати осиёимиёнагӣ бадал мешавад” (Путина выберут открепленные таджики и кавказские бюджетники с результатом в 75%. Путин будет у власти, пока не умрет от старости. Мы превратимся в уютную среднеазиатскую монархию. Это и есть настоящая стабильность).

Дар қисмати дигаре аз суҳбатҳояш, Дмитрий Глуховский дар масъалаи “мавқеи оппозитсиониаш” гуфтааст, мисли даҳ соли пеш мавқеаш тағйир накардааст, аммо қатор ба самти номаълум ҳаракат кард: “Дар ин муддат мо ба як кишвари иқтидоргарои пулис табдил ёфтем, дар кишвар зиндагии маданӣ-сиёсиро манъ карданд, интернетро қатъ мекунанд, тамоми мухолифонро “хариданд” ё ҷисман аз сари роҳашон маҳв карданд...”

Вернуться назад