Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Рақси помирии Сабзбаҳори 8-сола барои сокинони Вологда
Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Муҳоҷир, Тема дня > Рақси помирии Сабзбаҳори 8-сола барои сокинони Вологда

Рақси помирии Сабзбаҳори 8-сола барои сокинони Вологда


28 июн 2017, 10:30. Разместил: MG
Намояндагони ҷамъияти тоҷикон ба табрики 870-солагии шаҳри Вологда рафтаанд.

Бино ба иттилои торнамои vologda.ru, рақси тоҷикдухтари 8-сола яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳунарнамоии ҷамъияти тоҷикон будааст. Сабзбаҳор Дороншоева бо либоси атлас рақси помирӣ иҷро кардааст ва ҳамсолону наврасони ӯ ҳам дар баробари вай рақсидаанд.

Бахшида ба 870-солагии шаҳри Вологда дар доираи лоиҳаи “Шаҳри кӯдакӣ” ҳафтаи Вологда ҷараён дорад. Дар ин чорабинӣ намояндаҳои миллатҳои мухталиф, ки дар Вологда ба сар мебаранд, сокинони шаҳрро табрик мекунанд. Намояндаҳои ҷамъияти тоҷикон дар майдончаҳои 20б ва Карл Маркс баромад кардаанд.

Вернуться назад