Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Губернатор: Нақзи ҳуқуқу озодии муҳоҷирон онҳоро “террорист” мекунад
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Муҳоҷир > Губернатор: Нақзи ҳуқуқу озодии муҳоҷирон онҳоро “террорист” мекунад

Губернатор: Нақзи ҳуқуқу озодии муҳоҷирон онҳоро “террорист” мекунад


4 июл 2017, 14:51. Разместил: hd
Евгений Куйвашев, раҳбари вилояти Свердловск изҳор доштааст, ки нақзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони тоҷик, узбек ва қирғиз дар Русия онҳоро ба оғуши гуруҳу созмонҳои террористӣ-экстремистӣ тела медиҳад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати вилояти Свердловск, Куйвашев зимни ҷаласа дар мавриди ҳифзи вилоят аз хатари терроризму экстремизм изҳор доштааст, ки махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ осебпазиранд. Раҳбари Свердловск аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хостааст, бо созмону гуруҳҳое, ки ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия машғуланд корҳои бештар анҷом диҳанд. Ӯ гуфтааст, “бисёри корфармоҳо аз камдонишии муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавриди ҳуқуқу озодиҳояшон сӯиистифода мекунанд ва ҳамин тариқ барои паҳни идеологияи терроризм дар муҳити онҳо мусоидат менамоянд”.

Зимни ҷаласа иттилоъ дода шудааст, ки 85 дарсади муҳоҷирон дар Свердловск аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон мебошанд: “Инчунин тасмим гирифта шудааст, ки назорати ҷои иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ, ба истиллоҳ “хонаҳои резинӣ” низ таҳти назорати бештар гирифта шавад”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “ДИИШ” пайвастаанд, аз қаламрави Русия ба ин созмон ҷалб гардидаанд.

Вернуться назад