Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Лагери инноватсионӣ барои ҷавонони DigitalCampTcell ба кор медарояд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Лагери инноватсионӣ барои ҷавонони DigitalCampTcell ба кор медарояд

Лагери инноватсионӣ барои ҷавонони DigitalCampTcell ба кор медарояд


5 июл 2017, 12:12. Разместил: MG
Қабули дархостоҳо барои ширкат дар DigitalCampTcell, ки моҳи июн эълон шуда буд, ба поён расид. Давоми ду ҳафта бештар аз 50 дархост барои ширкат қабул гардид. Миёни онҳо гуруҳҳои иборат аз чанд нафар, ки омодаанд рӯи идеяҳои тиҷорӣ кор кунанд ва ҳамчунин иштиркчиёни алоҳида, соҳибкорони ҷавон, ки хостори дарёфти донишҳои наванд, ҳастанд.

Иштирокчиён дархости хешро дар шакли махсус ба сомонаи расмии лагер http://digitalcamp.tcell.tj ирсол намуданд. Нишон додани идеяи тиҷорӣ, мақсад ва вазифаҳои он, ки иштирокчӣ давоми омӯзиш рӯи он кор мекунад, яке аз шартҳои муҳими пешниҳоди дархост буд.

Бисёриҳо муаррифии идеяҳои тиҷорияшонро дар шакли Pitch фиристодаанд. Идеяҳои ба лоиҳа пешниҳодгардида гуногун буданд.

Дар қадами баъдӣ онҳое ки дархост фиристодаанд барои суҳбат бо намояндаи ширкат даъват мешаванд. Дар вохурӣ иштирокчиро зарур аст, идеяҳои худро рӯнамоӣ карда, бо роҳбалад суҳбат намоянд.

Меъёри интихоб дар ин давра идея, нақша, маҳсул, муҳимият ва ҷавобгӯ будан ба категорияи интихобгашта аст. Баъд аз суҳбат гуруҳҳо созмон дода мешавад ва ширкати 15 даста дар DigitalCamp эълон мешавад.

Digital Camp имкон медиҳад, иштирокчиён стратегияҳои digital-иро фикр ва коркад намоянд. Он ҳамчунин барои роҳандозии сомонаи фаъол дар даври ниҳоӣ барои тиҷорат имкон фароҳам меоварад. Дар воқеиятҳои рақамӣ, ки моро иҳота кардааст нақшаҳои digital-и аз атрибути нолозим ба заруратҳои ҳаётӣ мубаддал мегардад.

Стратегияи рақамии идораи тиҷорат бисёр имкониятҳо афзалияти рақобатпазирӣ, дарёфти таҷрибаи солим ва таъмини шаффофият ва чандирӣ вокуниш ба тағйири бозорҳоро ба ширкатҳо медиҳад.

15 дастаи иштиркчӣ ба семинар ва тренингҳо даъват карда мешаванд, ки дар он ҷо коршиноси маҳаллӣ ва хориҷӣ аз ҳар соҳа барои сохтани идеяҳои тиҷорӣ ва сохтани сайтҳои корӣ дарс мегузаранд. Баъди ба даст овардани таҷрибаи лозима, даста ба ҳакамон маҳсули кори хешро барои даври финалӣ рунамоӣ мекунад.

Дар пайи ин 3 дастаи беҳтарин ғолиб интихоб гашта, соҳиби ҷойи лозима, маблағ ва туҳфаҳои арзишманд мегарданд.

Ҳадафи озмуни DigitalCampTcell рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир аст.

Шарики лоиҳа AccelerateProsperityTajikistan. Accelerate – ин бизнес-инкубатор аст, ки захираҳо ва донишҳоро сармоягузорӣ карда, соҳибкории хурду миёнаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва барои сохтану рушд додани нақшаҳои тиҷорӣ кумак мекунад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лагери инноватсионӣ барои ҷавонони DigitalCampTcell ба кор медарояд

Вернуться назад