Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Филми ВУХ-и Узбакистон дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Видео > Филми ВУХ-и Узбакистон дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон (ВИДЕО)

Филми ВУХ-и Узбакистон дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон (ВИДЕО)


7 июл 2017, 15:02. Разместил: hd
Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо нашри як филми мустанади 21-дақиқаӣ изҳор доштааст, ки дӯстии халқҳои тоҷику узбак аз санҷиши вақт гузаштааст.

Дар ин филм, ки ВКХ-и Узбакистон нашр кардааст, таъкид шудааст, ки халқҳои тоҷику узбак ба ҳадде ба ҳам омехтаанд, ки фарҳангу анъанаҳои якхела доранд, аз як дарё об мехӯранд. Аз қавли Ислом Каримов, нахустин президенти Узбакистон, оварда шудааст, ки тоҷикону узбекҳо як халқанд, ки бо ду забон суҳбат мекунанд.

Муаллифони филм таъкид мекунанд, ки муносибати тоҷикону узбакҳо тӯли асрҳо то ба ҳадде наздик шудааст, ки устувортар аз ҳар чизи дигар дар ҷаҳон аст.

Дар ин филм назари сокинон, коршиносон ва масъулини Узбакистон дар бораи дӯстии тоҷикону узбакҳо пешниҳод гардидааст. Султонмурод Алимов, таҳлилгари узбак мегӯяд, ки вақте мусиқии шашмақом сар мешавад, пешгӯӣ мушкил аст, ки суруд бо забони тоҷикӣ ё узбакӣ садо хоҳад дод: “Мусиқӣ, созҳои мусиқӣ, либосу анъанаҳои мо хеле наздиканд”.

Дар ин филм муносибатҳо дар соҳаи маориф, иҷтимоӣ, санъату фарҳанг ба баррасӣ гирифта шудааст.



Вернуться назад