Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАЛКО дар талоши беҳбудӣ ба тиллокорӣ рӯй овард
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Тема дня > ТАЛКО дар талоши беҳбудӣ ба тиллокорӣ рӯй овард

ТАЛКО дар талоши беҳбудӣ ба тиллокорӣ рӯй овард


11 июл 2017, 09:46. Разместил: hd
ТАЛКО, калонтарин корхонаи истеҳсоли алюминий, ки ба мушкили молӣ дучор аст, барои беҳбуди вазъи иқтисодияш ба истихроҷу коркарди тилло рӯй овардааст.

Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус конҳои тилло дар ноҳияи Айниро дар ихтиёти ТАЛКО гузоштааст: “Ҳадаф аз он беҳтар кардани вазъи иқтисодию молиявии ТАЛКО мебошад. Мо тамоми корҳои геологиро дар конҳои мазкур анҷом дода, натиҷаашонро дар ихтиёри ТАЛКО гузоштем”.

Ба гуфтаи Мурод Хол, корҳои минбаъда дар конҳои мазкур, ки тилло, сурб ва нуқраро доранд, дар салоҳияти ТАЛКО ва Вазорати саноат ва технологияи нав мебошад.

Қаблан, манобеи “Озодагон” гуфта буданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрели соли равон ба “ТАЛКО” иҷозат дод, то бо ҷалби сармояи хориҷӣ, дар заминаи амволи шаҳраки геологии “Кончоч”-и ноҳияи Айнӣ ҷамъияти саҳҳомии шаклаш пӯшидаи “Талко Голд”-ро таъсис диҳад. “Талко Голд” инчунин иҷозат гирифт, ки давоми 25 сол дар конҳои Кончочу Чӯлбоии ноҳияи Айнӣ кор кунад. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин розӣ шудааст, ки “ТАЛКО” барои ҷалби сармояи хориҷӣ то 50 дарсади саҳмияҳои “Талко Голд”-ро дар ихтиёри маблағгузорони хориҷӣ гузорад ва инчунин аз бархе сабукиҳои молиявӣ низ бархӯрдор шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда буд, шаҳраки геологии Кончоч ва 10 гектари дигар дар маҳаллаи Чуянгарон ва Бахшикунҷи ноҳияи Айнӣ барои бунёди майдончаи саноатӣ ба ТАЛКО дода шавад.

Конҳои Кончоч сурб, нуқра ва тиллоро дар бар гирифта, қаблан аз ҷониби ҳукумат барои истихроҷ пешкаши сармоягузорон шуда буд.

Ҳакими Даврон

Вернуться назад