Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВИДЕО: Президент таърихан мансуби Чин будани Данғараро рад кард
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Видео > ВИДЕО: Президент таърихан мансуби Чин будани Данғараро рад кард

ВИДЕО: Президент таърихан мансуби Чин будани Данғараро рад кард


13 июл 2017, 09:43. Разместил: hd
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон, хабарҳоеро, ки гӯиё бисёри минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Данғара таърихан минтақаи Чин будааст, беасос хонд.

Ахиран сомонаи eureporter.co матлаби муаллиферо бо номи Олга Малик таҳти унвони “Даъвоҳои арзии Чин дар Тоҷикистон нигарониро ба вуҷуд овардааст”, ба забони инглисӣ нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, авҷи наве аз даъвоҳои арзии Чин ба бор омадааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки охири соли 2016 шуморе аз олимони чинӣ барои гузаронидани тадқиқот дар мавзӯи мансубияти қисме аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин дархост дода буданд.

Аммо Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ин хабари нашршуда пурра нодурусту иғвоангез буд. Изҳороте, ки аз қавли директори Институти таърих дар ин матлаб оварда шуд, бепоя буданд. Дар ҳамоише, ки директори Институт иштирок дошт, илмӣ буда, масоили марзу замин умуман дар он ҷо баррасӣ нашудаанд. Ин хабар пурра беасос буд”.



Дар матлаби eureporter.co гуфта мешуд, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон, д-р Акрамӣ (Зикриё Акрамӣ - Озодагон) бо ҳамроҳонаш ҳангоми сафари худ ба Чин дар соли 2016 ин масъаларо бо олимони чинӣ баррасӣ карда буд ва гузаронидани тадқиқотро ба нақша гирифтанд, ки имкон дорад онҳо фактеро собит кунанд, ки қисме аз қаламрави Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон таърихан ба Чин мансуб аст. Дар ин матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, ки олимони чинӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳафриёти бостоншиносӣ мегузаронанд ва маблағгузории ин лоиҳаро Донишгоҳи политехникии Хян ба дӯш гирифтааст.

Ба навиштаи муаллифи ин мақола дар марҳилаи аввали ин лоиҳа тарҷумаи шашҷилдаи Таърихи халқи тоҷик анҷом дода мешавад, ки онҷо фактҳои ҷиддие дар мавриди таърихи пешина ва қадимаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки имкон дорад ончиро олимони чинӣ тасдиқ кардаанд, собит кунад.

Ба навиштаи муаллифи мақола дар марҳилаи дигар гузаронидани тадқиқот дар водии Бешкент ва ноҳияи Данғара дар назар аст, ки он ҷо бозёфтҳои бисёри марбут ба давлати Юэҳчӣ (government of Yuezhi (асрҳои I-II эраи мо) пайдо карда шуда буданд. Бозёфтҳо ба Юэҳчӣ ба гуруҳи этникии чиниҳо мансубанд, аммо бисёриҳо саҳван онро қисме аз гуруҳҳои юнонӣ донистаанд.

Муаллифи ин матлаб дар қисмати хулосавӣ навиштааст, ки “бостоншиносон, таърихшиносон ва дигар олимони Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ахиран Чин ба омӯхтани қаламравҳои баҳсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти бартарии ошкори иқтисодиву сиёсӣ ва султаи Чин бар Тоҷикистон муваффақ мешавад”.

Навиштаи ин муаллиф дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон баҳси марзии Чин бо Тоҷикистонро дар соли 2011 бо додани 1 ҳазору 158 километри мураббаи бахше аз хоки худ ниҳоишуда номид. Он замон вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон додани хоки кишваро ба Чин ва ниҳоӣ кардани баҳси марзӣ бо ин кишварро “бурди дипломатияи тоҷик” унвон карда буд, ки ба вокунишҳои шадиде рӯ ба рӯ гардида буд.

Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 500 километр марзи муштарак доранд ва дар соли 2002 Душанбе созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Чинро имзо кард ва дар январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб расонид. Ин амр вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Аммо мақомоти Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки бо ин иқдом Тоҷикистон на замини худро ба ихтиёри Чин додааст, балки як мушкили умдаи таърихро ҳал кардааст.

Вернуться назад