Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Аҳмадзода дар бораи боздошти кормандон, ҷаримаҳо ва ғайриқонунӣ соҳиби замин шудани сарварони хоҷагӣ ва ҳамсарони онҳо (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Видео > Аҳмадзода дар бораи боздошти кормандон, ҷаримаҳо ва ғайриқонунӣ соҳиби замин шудани сарварони хоҷагӣ ва ҳамсарони онҳо (ВИДЕО)

Аҳмадзода дар бораи боздошти кормандон, ҷаримаҳо ва ғайриқонунӣ соҳиби замин шудани сарварони хоҷагӣ ва ҳамсарони онҳо (ВИДЕО)


17 июл 2017, 14:41. Разместил: MG
Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 9 корманди ин кумита ва корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғариманқул даст ба ҷиноят зада, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудаанд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон имрӯз, 17 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир нисбати ин афрод парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ӯ дар идома афзуд, “барои комилан несту нобуд кардани коррупсия дар соҳаи замминсозӣ ва бақайдгирӣ роҳбарияти кумита ва директорҳои корхонаҳои зертобеи он бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Прокуратураи генералӣ ва КДАМ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд”.

Ҷаноби Аҳмадзода мегӯяд, давоми шаш моҳи ахир аз ҷониби мақомоти идораи замини Тоҷикистон 6 ҳазору 958 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, муҷримин ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Дилшод Назиров, сардори Раёсати назорати давлатии кумитаи мазкур гуфт, аз ҷониби Раёсати назорати давлатии замин 278 ҳазору 800 сомонӣ, аз ҷониби Кумитаи идораи вилояти замин дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 720 сомонӣ, аз ҷониби Кумитаи идораи замини вилояти Суғд 709 ҳазору 620 сомонӣ, аз ҷониби Кумитаи замини вилояти Бадахшон 31 ҳазору 170 сомонӣ ва маблағҳои боқимонда аз ҷониби кумитаҳои идораи замини шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода мегӯяд, дар ин давра ошкор кардаанд, ки дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 131 сарвари хоҷагӣ, 13 ҳамсари сардорони хоҷагиҳо, 24 нафаре, ки эҳтиёҷманд нестанд ва 16 тан бидуни рақами сабти ариза ғайриқонунӣ соҳиби заминин наздиҳавлигӣ шудаанд.



Вернуться назад