Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" хусусӣ мешавад? (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Видео > Мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" хусусӣ мешавад? (ВИДЕО)

Мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" хусусӣ мешавад? (ВИДЕО)


25 июл 2017, 11:50. Разместил: hd
Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи хусусӣ кардани мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар сатҳи тавсиявӣ буда, амалӣ нахоҳад шуд.

Убайдулло Акрамов, масъули ин агентӣ 25 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, масъалаи хусусигардонӣ ҳамчун чораи тавсиявӣ ба ҳукумат пешниҳод гардид: “Аммо мо қотеона гуфта метавонем, ки он амалӣ нахоҳад шуд. "Бешаи Палангон" аз мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда буда, мувофиқи қонунгузории кишвар ба категорияи хусусигардонӣ шомил нест. Мо минтақаҳои дигарро пешниҳод кардем, ки он ҷо метавонанд мамнуъгоҳҳои хусусӣ ташкил кунанд”.

Акрамов афзуд, “Бешаи палангон” аз мамнуъгоҳҳои нодири ҷаҳон буда, ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод шудааст: “Айни ҳол ҳуҷҷатгузорӣ барои пешниҳоди “Бешаи Палангон” ба феҳрасти ЮНЕСКО идома дорад”.

Ин масъули Оҷонсии хоҷагии ҷангал таъкид намуд, ки дар пайи таҳкими ҳифзи сарҳадот вазъи “Бешаи палангон” муътадил шуда, саршумори гавазн, ғизол, гусфанди бухороӣ ва дигар ҷонварон афзоиш ёфтааст.



Вернуться назад