Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Муминов: Барои таъмини деҳқонон бо техника 430 млн $ зарур
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Муминов: Барои таъмини деҳқонон бо техника 430 млн $ зарур

Муминов: Барои таъмини деҳқонон бо техника 430 млн $ зарур


26 июл 2017, 10:35. Разместил: hd
Ботир Муминов, муовини якуми раиси КВД “Тоҷикагролизинг” мегӯяд, техникаи фарсудаи замони шӯравӣ, ки айни ҳол деҳқонҳои тоҷик истифода мекунанд, то 25-30 фоизи маҳсулотро талаф медиҳанд.

Муминов имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “баъзеи ин техникаҳо аз муҳлати муқарраргардида то ду баробар бештар истифода шуда истодаанд. Замони шӯравӣ ворид шудаанд ва феълан фарсуда мебошанд. Агар муҳлати корашон 30 сол бошад, беш аз 50-60 сол кор карда истодаанд. Тибқи мушоҳидаҳои мо ҳосили деҳқонро ҳангоми дарави гандум то беш аз 25-30 фоиз талаф медиҳанд”.

Ноиби раиси “Тоҷикагролизинг” таъкид намуд, ки барои таъминоти пурраи кишоварзони тоҷик бо техника 430 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Ӯ афзуд, феълан барои воридоти техника аз Узбакистон созиш ҳосил шудааст: “Бо ду ширкати узбакистонӣ, “Узагротехсаноатхолдинг” ва “Узагротехмаш”, ки техникаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ аст, созиш шуд, ки техникаашон бидуни пешпардохт вориди Тоҷикистон гардад.


Вернуться назад