Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ дар иншоотҳои сохтмонии Душанбе
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос > 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ дар иншоотҳои сохтмонии Душанбе

7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ дар иншоотҳои сохтмонии Душанбе


28 июл 2017, 11:04. Разместил: MG
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар пайи санҷиши иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе 7,8 миллион сомонӣ маблағҳоро аз ҳисоби изофанависӣ ошкор намудааст. Ин нуктаро Абдукарим Зарифзода, муовини аввали директори оҷонсӣ имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт.

Ӯ гуфт, ин санҷишҳо дар 69 иншооти сохтмонии шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ бунёд шудаанд, гузаронида шудааст: “Вобаста ба зарарҳои ошкоршуда санад тартиб дода шуда, ба ниҳоди дахлдор ирсол гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон зимни ҷаласае бо ҳузури фаъолон ва раҳбарияти пойтахт аз мақомоти Оҷонсии коррупсия хост, санҷиши “истифодаи пулҳои буҷет" дар иншоотҳои сохтмонии Душанберо то 1-уми июл ба охир расонда, ҳукуматро аз натиҷаи он огоҳ намояд.

Вернуться назад