Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вазири рушди иқтисод дар бораи таъсири таҳримҳои алайҳи Русия ба Тоҷикистон (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Видео, Тема дня > Вазири рушди иқтисод дар бораи таъсири таҳримҳои алайҳи Русия ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

Вазири рушди иқтисод дар бораи таъсири таҳримҳои алайҳи Русия ба Тоҷикистон (ВИДЕО)


1 август 2017, 15:31. Разместил: MG
Вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, аз он ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст, ҳар тағйирот дар бахши иқтисоди он ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд. Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода ин нуктаро имрӯз, якуми август зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди таъсири таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон изҳор дошт.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон вобаста ба пешгӯиҳо ва тағйирот дар иқтисоди Русия чораандешӣ мекунад ва соли 2015 дар ин замина ҳукукмати кишвар барномаи зиддибуҳронӣ ва кам кардани таъсири омилҳои берунаро қабул кард, ки татбиқи он имкон медиҳад вобастагии Тоҷикистон ба хориҷ кам гардад. Вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, дар татбиқи ин барнома ба дастовардҳои муайян низ расидаанд: “Агар шумо буҳрони соли 2008-2009-ро дар хотир дошта бошед, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон дар соли 2009 нисбат ба соли 2008, 30% кам гашт, ки дар пайи он рушди иқтисод беш аз ду баробар коҳиш ёфт. Дар ҳодисаҳои ду соли охир ҳаминро гуфтаниям, ки интиқоли пул аз Русия дар соли 2015 нисбат ба соли 2014, 35% ва соли 2016 нисбат ба соли 2015 боз 30 дарсади дигар коҳиш ёфт, ки ба рушди иқтисод он қадар таъсир нарасонд”.

Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, бо ба роҳ мондани рушди сиёсати иқтисодӣ дар асоси саноатикунонӣ, метавон омилҳои вобастагӣ ба берунро коҳиш дод.


Вернуться назад