Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим: Гаҳворабандону чиллагурезон бе забҳи чорво ва манъи ақиқа
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим: Гаҳворабандону чиллагурезон бе забҳи чорво ва манъи ақиқа

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим: Гаҳворабандону чиллагурезон бе забҳи чорво ва манъи ақиқа


11 август 2017, 16:15. Разместил: MG
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11 август лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, дар баробари лоиҳаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаҳои тағйриу иловавҳо ба қонун “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишварро ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст.

Манбаъ мегӯяд, лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд: “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост”.

Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи мазкур тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод мегардад, ки тибқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад: “Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод манзур гардидааст”.

Яке аз тағйиротҳои дигари лоиҳа ин аст, ки гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад: “Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, бар асоси тағйиротҳо ба моддаи 10-и қонуни амалкунанда, ки туи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, манъи гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд: “Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст”.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 11-и қонуни мазкур, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, минбаъд тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Бар аоси ин тағйрот, маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи “оши сари тахта”, “душанбегӣ”, “ҷумъагӣ”, “ҳафт”, “бист” ва “шашмоҳагӣ” низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад: “Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад”.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти дархостҳо ба моддаи 12-и қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи “ҳоҷизиёрат” манъ карда мешавад. Дар тағйиротҳои ба моддаи 14, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, гуфта шудааст, ки дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мегарданд: “Бо назардошти таклифи сокинон ба моддаи 14 қонун пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад”.

Дар тағйру иловаҳои ин қонун пешниҳод гардидааст, ки ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда шаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд: “Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд. Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд”.

Дар назар аст, 23 август дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳои нав ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шавад. Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон имрӯз, 11 август ба имзо расид.

Вернуться назад