Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Баъди "қонуншиканӣ дар тӯй": Президент мансаби Назарзодаро ба Мирализода дод
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Дидгоҳи хос > Баъди "қонуншиканӣ дар тӯй": Президент мансаби Назарзодаро ба Мирализода дод

Баъди "қонуншиканӣ дар тӯй": Президент мансаби Назарзодаро ба Мирализода дод


15 август 2017, 13:32. Разместил: hd
Сайфиддин Назарзода дар пайи нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш аз мақоми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуд.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуданд, ки имрӯз, 15-уми август Абдусалом Мирализода, раҳбари нави Китобхонаи миллӣ таъин шуд. Мирализода то ҳол муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории Назарзода ва таъини Мирализода ба мақоми директори Китобхонаи миллӣ дар пайи қазияи марбут ба нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо содир шуд.

Ахиран тариқи телевизиони давлатӣ Сайфиддин Назарзода дар он айбдор шуд, ки тӯйи Фирдавсро 30 июл дар тарабхонаи "Шоира-Люкс" бо шумори меҳмонони аз меъёр зиёд баргузор намудааст. Худи Назарзода ин даъворо рад карда, онро кори гуруҳе номид, ки қасди доғдор кардани номи ӯро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 27 апрели соли равон дар ҷаласаи ҳукумат аз риоя нагардидани талаботи “қонуни танзим” аз сӯи мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар бештари маврид вайронкунандаҳои талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо мебошанд ва берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.

Вернуться назад