Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Парлумон барои қабули тағйиру иловаҳо ба “қонуни танзим” дастбакор шуд
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Парлумон барои қабули тағйиру иловаҳо ба “қонуни танзим” дастбакор шуд

Парлумон барои қабули тағйиру иловаҳо ба “қонуни танзим” дастбакор шуд


16 август 2017, 11:14. Разместил: MG
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 16 август таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон -- Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба баррасӣ гирифтааст.

Аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур “дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули ин қонун” пешбинӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида меъёрҳои қонуни амалкунанда такмил дода шуда, “онҳо ба талаботи санадҳои қонунгузоӣ мутобиқ гардонида шуданд, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ буда, баҳри сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии ҳар як қишри ҷомеа равона шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯро, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таъкид кардаанд, ки “ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд”.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд. Дар назар аст, ин ҷалсаи 23-юми август баргузор гардад.

Вернуться назад