Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Арабистон: Тасаввур ва воқеият
Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ, Дидгоҳи хос > Арабистон: Тасаввур ва воқеият

Арабистон: Тасаввур ва воқеият


22 август 2017, 09:36. Разместил: MG
Иршод СУЛАЙМОНӢ, Мадина, Арабистони Саудӣ

Худоро шукр мегӯям, ки имкон даст дод то сарзаминҳои муқаддаси муслимин -- Маддинаи Мунаввара ва Маккаи Мукаррамаро дар маросими Ҳаҷҷи имсол зиёрат намоям.

Бо пуштибонии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва даъвати Вазорати фарҳанг ва расонаҳои ин кишвар дар маросими Ҳаҷҷи имсол ҳузур пайдо кардам. То кунун ду рӯз дар Ҷидда будам ва як рӯз аст, ки дар Мадина қарор дорем. Он чӣ ин ҷо менависам дар мавриди Ҷидда аст ва ҳамчунин дар мавриди бовару дидгоҳ ва тасаввурҳои мо дар бораи ин кишвар.

Аксари мо аз Саудӣ шинохти расонаӣ ва ё интернетӣ дорем. Дар тасаввури мо Саудӣ як кишвари салафиҳои исломгарои шадид аст ва дар ин кишвар одоту русуми исломӣ ба гунаи клоссик ва як миқдор иҷбору шадид мавҷуданд. Бояд бигӯям, ки ҳамин тасаввурро ман низ доштам, вале иттифоқ уфтодани як ҳодиса ва ворид шудан ба Ҷидда ин тасаввури маро шикаст. Албатта он чи мегӯям шинохт ва таҳлили ман аз умқу матни ҷомеаи Арабистон нест, чаро ки ин ҳамаро ба унвони мушоҳида менависам. Ман то ҳол ошноии дурусте дар жарфнои ҷомеаи ин кишвар надорам. Шояд то охири сафар дидгоҳҳои ман тағйир бикунад, вале ҳоло дидгоҳҳо ва шинохти муқаддамотӣ чунин аст.

Чун ба фурудгоҳи Ҷидда расидем аз бағоҷам дараке нашуд. Ҳамроҳ бо намояндаҳои Вазорати фарҳанг, ки барои истиқболи ман омада буданд (тамоми меҳмонони даъватшударо пешвоз мегиранд) назди масъулони бағоҷи ширкати ҳавопаймойии “Саудия” (ширкате, ки моро аз дубай ба Ҷидда бурд), рафтем. Масъулони ширкат бароям як ҳуҷҷат доданд, ки дар сархати он чунин навишта шудааст: “Лутфан узру маъзарати ширкати “Саудия”-ро барои эҷоди нороҳатӣ ва дастрас накардани бағоҷатон бипазиред. Мо тамоми талоши мумкинро мекунем то бағоҷи шуморо ҳар чи зудтар пайдо бикунем”.

Ва ҳамчунин суханони боварбахшу диплумотии хуби дигаре, ки маро қаноат доданд, ки ҳатман бағоҷам пайдо мешавад. Ҳарчанд, то кунун пайдо нашудааст. Чизи дигаре, ки мояи хушҳолии ман шуд ин буд, ки масъулони ин ширкат бисёр бо мулоимат ва димплумосии хос мегуфтанд, ки “нороҳат мабош, иншоАллоҳ ҳатман пайдо мешавад”.

Тасаввур кунед, агар чунин як иттифоқ дар Душанбе ва ё кишварҳои дигари пасошӯравӣ биуфтад... Ба таъбири ҳамон овозхони эронӣ “тасаввур карданаш сахте”.

Ҷидда бар хилофи пиндор ва тасаввури ман як шаҳри бисёр муосирест. Дар мавриди меҳмонхонаҳо ва шароиту хидматгузорияшон камтар менависам. Ман пештар аз ин дар чандин иёлатҳои ИМА ва шаҳрҳои Аврупо будаам. Тақрибан сатҳ ва дараҷаи хидматгузорӣ дар меҳмонхонаҳои ин шаҳр камтар аз ИМА нест. Балки дар бештари маворид баландтар аст. Чизе ки аз ҳама пештар таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, меъморӣ ва тарзи шаҳрсозии ин шаҳр буд, ки бисёр шабоҳатҳо бо дизойн ва меъмории ИМА дорад. Хусусан роҳсозӣ ва дизойни онҳо ва мағозаву дигар муассисоти маишӣ. Хусусан мағозаҳои бузургу ҷамъӣ, ба истилоҳ Моллҳо...

Албатта ман тамоми Ҷиддаро надидам, вале як хиёбонашро, ки аз меҳмонхонаи мо ба самти фурудгоҳ меравад чанд бор пиёда сайр кардам ва саре ба чандин фурӯшгоҳу масоҷид задам. Нархҳо дар мағозаҳои ин шаҳр қиёсан бо Тоҷикистон арзонтаранд. Ҳатто молу колои баъзе аз брендҳои сатҳи миёнаи аврупоӣ нисбат ба Аврупо инҷо арзонтар фурӯхта мешаванд. Қариб аксари фурӯшгоҳҳо аз васоили фурӯши замони муосир кор мегиранд ва таҷҳизоти муосири ҳисобу китоб, молиётгирӣ ва амсоли инро доранд.

Ин шаҳр мисле ки мо тасаввур мекунем бисёр симои мазҳабии асримиёнагӣ надорад...
(давом дорад)

Вернуться назад