Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 2 кушта дар пайи чаппашавии Камаз
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > 2 кушта дар пайи чаппашавии Камаз

2 кушта дар пайи чаппашавии Камаз


24 август 2017, 17:40. Разместил: hd
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, чаппашавии Камаз дар роҳи Ваҳдат-Душанбе-Данғара ду кушта барҷой гузошт.

Тибқи иттилои ВКД 22-юми август, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз-5320”, Шамсов Зумриддин Насриддинович соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Норак-Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисмати рости роҳ чаппа шудааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, Наҷмиддинов Қурбон Мирзомуродович соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат ва Ҷобиров Меҳроб Алиевич соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Вернуться назад