Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Фирӯзаи ҷавонмарг: Худатонро эҳтиёт кунед...
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Фирӯзаи ҷавонмарг: Худатонро эҳтиёт кунед...

Фирӯзаи ҷавонмарг: Худатонро эҳтиёт кунед...


30 август 2017, 14:40. Разместил: hd
Аслиддин Раҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муҳоҷирони меҳнатиро қишри осебпазир аз ин маризӣ хонда, иттилоъ дод, ки миёни мубталоёни сил дар Тоҷикистон 16 дарсадашон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ гирифтор шудаанд.

Раҷабзода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, омилҳои асосие, ки боиси гирифтори сил шудани муҳоҷирони меҳнатӣ мегарданд, ин гуруснагӣ, шароити вазнини корӣ, шароити бади иқомат, кори вазнин, ғизои носолим ва дурӣ аз хешу табору зиқӣ мебошад: “Масъунияти бадани муҳоҷирон паст гашта, ба ин намуди беморӣ гирифтор мешаванд. Ҳамчунин дар Русия дар маҳбасхонаҳо низ имкон дорад муҳоҷирон ба бемории сил гирифтор шаванд”.

Директори Марказ афзуд, ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили кишвар ба бемории сил сироят ёфта, бемориашон дар Русия авҷ мегирад.
Масъулини тандурустӣ мегӯянд, мушкили аслӣ дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти ризқашон саломатияшонро сарфи назар менамоянд ва сари вақт ба табибон муроҷиат намекунанд.

Сарнавишти фоҷиабори Фирӯза, модари ҷавони се фарзанди ноболиғ далели ин гуфтаҳост, ки дар муҳоҷират мубталои сил гаштааст ва тобистони соли 2015 ин оламро падрӯд гуфт. Ба гуфтаи наздикон марҳум дар синни 27-солагӣ ҳамроҳи ҳамроҳи ду фарзандаш аз шаҳри Ваҳдат ба назди шавҳараш ба Маскав рафта буд.

Холаи Сафарбӣ, модари Фирӯза мегӯяд, духтараш қабл аз рафтан ба Русия солим буд ва қаблан низ касе дар оилаашон ба ин намуди беморӣ гирифтор нашуда буд: “Шавҳараш дар Русия буд, ба хотири аз даст надодани ҷои кораш, ба Фирӯза гуфт кӯдаконро гирифта, ба наздаш раванд. Шавҳараш дар яке аз ширкатҳо ҳамчун ронанда фаъолият дошт, давоми ду сол натавонист ба Ватан баргардад. Фирӯза ду фарзандашро гирифта, ба шаҳри Маскав рафт. Дар аввал мегуфт дар ҳуҷраи алоҳидае дар шароити хуб зиндагӣ доранд ва пас аз чанд вақт гуфт дар ширкат тағйирот шуда, роҳбарияташ иваз шудаасту шавҳарашро аз кор пеш кардаанд”.

Ба гуфтаи модар чанде баъд духтараш занг зада, гуфтааст, ки дар яке аз деҳаҳои назди Маскав хонаеро иҷора гирифтаанду бо пӯхтани санбӯса машғул мебошад: “Гуфт ҳомила шудааст, вале сулфа мекард. Мегуфтам чаро месулфӣ, мегуфт, ҷои кораш хунук аст, шояд шамол хӯрда бошад, ҳамаи чизро ба ман намегуфт. Танҳо мегуфт чанд маротиба сулфа шуда буд ва бо истифода кардани дору сулфааш бартараф мешавад”.

Модари Фирӯза аз қавли духтари ҷавонмаргаш қисса кард, ки “вақте ҳомила шудам, дар ин муддат сулфа мекардам, вале ба худ аҳамият надода, корамро давом медодам. Рӯз аз рӯз вазнам кам шуда, худро бад ҳис мекардам, гумон доштем, шояд сабабаш ҳомилагиям бошад”.

Модари ҷигарсӯхта идома дод, ки пас аз ташхис маълум шудааст, духтараш мубталои бемории сил мебошад: “Ба Тоҷикистон оварданд, дар маркази табобатии Мачитон дар Ваҳдат бистарӣ шуд, аммо каме дер шуда будааст. Ҳар вақт моро медид мегуфт, худатонро эҳтиёт кунед. Баъди бозгашт аз Русия ҳамагӣ се моҳ бо мо буду ин оламро тарк кард. Рафту се тифлро ятим гузошт...”

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, кам нестанд афроде, ки ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзии худу хонаводаашон аз баҳри саломатии хеш мегузаранд, сари вақт ба табиб муроҷиат намекунанд ва ҳатто табобати таъиншударо ҳам хуб намегиранд. Мақомот таъкид мекунанд, ки феълан дар кишвар тамоми шароит барои табобати сил муҳайёст ва шаҳрвандон бояд танҳо саривақт муроҷиат намоянд.

Қадриддин Пиров, силшиноси Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз сил маслиҳат дод, ки “дар ҳоли зиёда аз ду ҳафта сулфа кардан бо хориҷ кардани балғам ва ё бе балғам, арақ кардани шабона, эҳсоси дарди қафаси сина ва баландшавии ҳарорат саривақт бояд ба духтур муроҷиат кард. Бемории сил табобатшаванда буда, аз одами бемор ба шахси солим ба таври ҳавоӣ мегузарад. Шахсоне, ки масъунияти баданашон паст буда, бемориҳои ВНМО ва ё бемории қанд доранд, метавонанд ба бемории сил гирифтор гарданд”.

Феълан тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз 100 ҳазор аҳолии кишвар 60 нафарашон ба бемории сил гирифтор мебошанд.


Мижгона Ҳалимова

Вернуться назад