Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ниёзмандони пойтахт
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Ёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ниёзмандони пойтахт

Ёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ниёзмандони пойтахт


4 сентябр 2017, 15:38. Разместил: MG
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони шаҳри Душанбе гӯшти гов тақдим кардааст.

Тавре аз ин ҷамъият ба “Озодагон” гуфтанд, кумаки мазкур бо дастгирии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бахшида ба Иди Қурбон рӯзи 2 сентябр расонида шудааст. Масъулини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар 4605 кило гӯшти говро ба 1500 ниёзманди чор ноҳияи шаҳри Душанбе тақсим кардаанд: “Ба ҳар ниёзманд ба миқдори 3 кг гӯшт дода шуд”.

Манбаъ мегӯяд, феҳристи ниёзмандонро ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт пешниҳод карданд. “Ҳамчунин, ба 35 ниёзманд, ки рӯйхати онҳо аз тарафи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақдим карда шуд”,-афзуд манбаъ.

Вернуться назад