Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > 6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт

6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт


5 сентябр 2017, 15:18. Разместил: MG
Як ҷавони фаъоли тоҷик барои роҳат шудани равуои сокинон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, инчунин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳодҳое ироа кардааст.

Яке аз нахустин пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс дар саҳифаи Фейсбукаш ба 30 дақиқа тағйир додани вақти оғози дарс аст. Ӯ навиштааст, беҳтараш оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ соати 8:30 муайян карда шаванд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон кард, аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд. Қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт дарсҳо аз соати 7:30 оғоз шаванд.

Пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс зоҳиран ба танбашавии нақлиёти автомобилӣ, зиёд мунтазири нақлиёти мусофиркашӣ шудани сокинону меҳмонон рабт дорад. Маъмулан бо оғози дарсҳо дар муассисаҳои миёна ва олӣ Душанбе ба мушкили хизматрасонии нақлиётӣ рӯ ба рӯ мешавад.

5 пешниҳоди дигари Нурмуҳаммади Шамс аз ин қабиланд:

-Иҷозаи таксиҳои 3-сомона;
-Иҷозаи бо мошин рафтан ба донишгоҳ, чун як донишҷӯ метавонад 4 донишҷӯи дигарро то донишгоҳ барад;
-Баъзе аз донишгоҳҳо ва факултаҳоро, ки соҳавӣ ҳастанд аз дохили поятахт баровардан, масалан қисме аз донишкадаи аграрӣ, политехникӣ;
-Дар назди донишгоҳҳо сохтани хобгоҳ;
-Донишгоҳҳо автобусҳои худро ташкил кунанд, бо ҷадвали муайян ва (проездной);

Вернуться назад