Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳалокати шикорчӣ баъди афтидан аз баландии 17 метр дар Сафедкамар
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Ҳалокати шикорчӣ баъди афтидан аз баландии 17 метр дар Сафедкамар

Ҳалокати шикорчӣ баъди афтидан аз баландии 17 метр дар Сафедкамар


6 сентябр 2017, 11:28. Разместил: MG
Як сокини 32-солаи ноҳияи Нуробод ҳангоми шикори кабк дар доманакуҳи мавзеи Сафедкамар аз баландӣ ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҳодиса асри 4 сентябр (соатҳои 16:20) ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, сокини деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод барои шикори кабк ба мавзеи Сафедкамар рафта, ҳангоми аз болои тарма гузаштан он сӯрох мешавад. Дар натиҷа ӯ аз баландии 17 метр ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Вернуться назад