Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дабири кулли СММ хостори пайдо кардани роҳҳали қазияи Мянмар шуд
Главная > Хабарҳои ҷаҳон, Сиёсат > Дабири кулли СММ хостори пайдо кардани роҳҳали қазияи Мянмар шуд

Дабири кулли СММ хостори пайдо кардани роҳҳали қазияи Мянмар шуд


6 сентябр 2017, 15:41. Разместил: MG
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид бо ирсоли як номаи расмӣ унвонии Шӯрои амният аз хушунат дар Мянмар изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин нома гуфта мешавад, дар мавриди аз сӯи неруҳои амниятии Мянмар мавриди хушунату озор қарор гирифтани мусалмонон пайваста хабар мерасад. “Дигар интизор шудан мумкин нест, бояд ҳар чи зудтар нақшаи муассири ҳалли ин мушкил таҳия шавад. Хеле муҳим аст, ки ба мусалмонони иёлаи Ракхайн шаҳрвандӣ ва ё мақоми ҳуқуқии муваққатӣ дода шавад, то тавонанд зиндагии ором дошта бошанд”,-омадааст дар мактуби дабири кулли СММ.

Бино ба хабари расонаҳо, шурӯъ аз 25 август, беш аз 125 ҳазор мусалмони роҳинҷаи Мянмар маҷбур шудаанд ба кишвари ҳамсояи Бангладеш паноҳ баранд. То ин дам аз кушта шудани 400 нафар хабар дода мешавад. Бар асоси гузоришҳо, мусалмонони Мянмар аз сӯи неруҳои давлатӣ ба таври бераҳмона озору шиканҷа мешаванд.

Дар Мянмар (номи қаблиаш Бирма) асосан будпарастон ба сар мебаранд. Ҳукумати ин кишвар қабилаи Роҳинҷаро, ки мусалмон ҳастанд, сокини бумӣ намедонад ва аз додани шаҳрвандӣ ба онҳо худдорӣ мекунад.

Вернуться назад