Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > “Истиқлол” боз қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > “Истиқлол” боз қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

“Истиқлол” боз қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд


19 сентябр 2017, 09:31. Разместил: MG
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе баъди пирӯзӣ бар “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ қабл аз муҳлат унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Ин бори шашум аст, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони футболи Тоҷикистон мешавад. Солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 низ “Истиқлол” ба ин унвон даст ёфта буд.

Бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” 18 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 5:0 хотима ёфт.

Панҷ голи беҷавоби “Истиқлол”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев (2), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев ва Ҷаҳонгир Алиев ба ҳадаф расонданд.

“Истиқлол”-и Душанбе аз 16 бозӣ 13-тоашро бо пирӯзӣ 3-тоашро мусовӣ аныом дода, 42 имтиёз дорад. Новобаста аз натиыаи панҷ бозии дигар медали тиллои қаҳрамонии Тоҷикистонро ба худ ихтисос дод.

Вернуться назад