Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470” аз Қирғизистон
Главная > Тоҷикистон > Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470” аз Қирғизистон

Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470” аз Қирғизистон


22 сентябр 2017, 16:02. Разместил: MG
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, қоҷоқи маводи доруворӣ аз Қирғизистонро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, 21 августи соли равон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар пайи як амалиёт дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди маҳаллаи Ғаламайдони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мошини “Лексус LХ 470”, таҳти идораи Р.А.-ро нигоҳ доштаанд: “Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур маводи доруворӣ ба миқдори 48 адад “Интеллан”, 118 адад - “Эспумизан”, 25 капсула “Симетикан”, 1250 адад малҳам барои чашм- “Эритромитсин”, 110 адад малҳами “Индометатсин”, 100 адад малҳами “Дексаметазон”, 550 адад “Валерианы экстаркт”, 100 адад “Стекловидное тело”, 70 адад “Индометатсин софарма”, 100 адад “Эуфиллин” ва 100 адад “L-Тироксин” ёфт шуд. Муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи шаҳрванд Р.А., истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмонов, кӯчаи Ш.Турсунов тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Борбордуқи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва бидуни назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш интиқол диҳад”.

Манбаъ меафзояд, бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ронандаи “Лексус” мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст.

Вернуться назад