Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сухангӯи Р.Эмомалӣ: Дар мавриди кӯчондани гӯри Айнӣ гапе нест
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ > Сухангӯи Р.Эмомалӣ: Дар мавриди кӯчондани гӯри Айнӣ гапе нест

Сухангӯи Р.Эмомалӣ: Дар мавриди кӯчондани гӯри Айнӣ гапе нест


25 сентябр 2017, 14:42. Разместил: hd
Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар мавриди кӯчондани гӯри Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик аз боғи Айнӣ ба гӯристони Лучоб ҳанӯз гапе нест.

Абдумаҷид Усмонов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе имрӯз, 25-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, феълан тасмими ниҳоӣ дар мавриди кӯчондани оромгоҳи Садриддин Айнӣ қабул нашудааст. Ӯ ваъда дод, ки иттилои муфассалро дар ин бора ба зудӣ пешниҳоди омма хоҳад кард.

Рустами Ваҳҳоб, донишманди тоҷик низ аз қавли манобеи огоҳаш иттилоъ додааст, ки оромгоҳи устод Айнӣ на кӯчонда, балки беҳсозӣ мегардад. Ӯ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, “оромгоҳи устод Айнӣ дар ҳамон маҳалли мавҷуд ва боғи мавсум ба номи номии ишон беҳсозӣ мешавад ва бо мувофиқату ризояти фарзандону пайвандони дигар шахсиятҳои бузургвори миллат, ки турбати шарифи онҳо дар ин боғ ҳаст, мазорҳояшон бо адои комили маросими мазҳабӣ ва маънавӣ ба Оромгоҳи Лучоб, радифи турбати Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва чандин тани дигар аз шахсиятҳои бузурги миллат интиқол дода мешавад. Ёду хотири ҳамагӣ гиромӣ бод ва дар ҷавори раҳмати Парвардигор қарор дошта бошанд. Омин”.

Дар боғи Айнӣ, ки феълан мавриди таъмиру бозсозӣ қарор дорад, дар баробари устод Садриддин Айнӣ (санаи марг 15 июли соли 1954) инчунин раҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров (санаи марг 12 июни соли 1977), Ҷаббор Расулов (4 апрели 1982) ва шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода (30 январи соли 1980) ба хок супорида шудаанд.

Вернуться назад