Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сафорати Саудӣ дар Душанбе хабари нашршуда аз номи сафирро такзиб кард
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Сафорати Саудӣ дар Душанбе хабари нашршуда аз номи сафирро такзиб кард

Сафорати Саудӣ дар Душанбе хабари нашршуда аз номи сафирро такзиб кард


25 сентябр 2017, 16:46. Разместил: MG
Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ хабарҳои нашршуда дар бархе аз пойгоҳҳои электрониро бепоя хондааст.

Дар ин изҳорот, ки нусхаи он ба дасти “Озодагон” расид, гуфта мешавад, “Сафорат тавзеҳ медиҳад ки бархе аз торнамоҳои иттилоотии электронӣ хабареро бо муҳтавои суханоне мансуб ба ҷаноби Сафир Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ ба рӯзномаи “Ал-Риёз” нашр намудаанд, ки шомили маълумоти нодурусте дар бораи муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд”.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, маълумоти нашршуда комилан бепоя мебошад: “Сафорат мехоҳад ба таъкид бирасонад, ки маълумоти дар хабар зикрёфта тамоман нодуруст мебошад. Инчунин, сафир ба рӯзномаи “Ал-Риёз” ҳеч гуна изҳори назар накардааст. Торнамое, ки хабарро нашр кардааст, дар сархаташ рамзи сохтаи рӯзномаро дар худ дорад”.

Сафорати Шоҳигарии Арабистон Саудӣ дар Тоҷикистон изҳори умед карда, ки расонаҳо ҳангоми нашри хабар онро бо диққат бозрасиву таҳқиқ намуда, аз қобили эътимод будани торнамоҳое, ки аз онҳо нақли қавл мекунанд, мутмаин шаванд.

Чанде пеш бархе аз пойгоҳҳои интернетӣ хабаре нашр карда буданд, ки гӯиё сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба бархе аз расонаҳои арабӣ гуфта бошад, ки Риёз дар Душанбе муваффақ шудааст, ки мавқеи Эронро дар Тоҷикистон танг кунад ва намояндагии ниҳодҳову ширкатҳои Эронро дар Тоҷикистон бибандонад. Ҳамчунин дар иттилоияе, ки ҳоло сафири Саудӣ дар Тоҷикистон онро такзиб кардааст, гуфта мешуд, Вазорати маорифи Тоҷикистон бо пуштибонии молии Саудӣ дар Тоҷикистон ду донишгоҳ ва мадрасаи динӣ месозад.


Вернуться назад