Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Қатли зан аз сӯи шавҳари собиқ дар Турсунзода
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Қатли зан аз сӯи шавҳари собиқ дар Турсунзода

Қатли зан аз сӯи шавҳари собиқ дар Турсунзода


27 сентябр 2017, 17:03. Разместил: hd
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 51-сола, сокини ҷамоати деҳоти Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода хабар дод, ки дар қатли собиқ ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда, 26-уми сентябр, тахминан соати 14:30, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 50-солаи сокини ҳамин шаҳр омада, дар пайи ҷангу ҷанҷол бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои ВКД, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ алайҳи муттаҳам идома дорад.

Вернуться назад