Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раҳимзода: Дар Тоҷикистон зархаридони хориҷӣ амал мекарданд
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Раҳимзода: Дар Тоҷикистон зархаридони хориҷӣ амал мекарданд

Раҳимзода: Дар Тоҷикистон зархаридони хориҷӣ амал мекарданд


29 сентябр 2017, 10:31. Разместил: hd
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекин идома дорад, изҳор дошт, ки воқеаю ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон рух медиҳанд, шаҳодати онанд, ки ягон давлат наметавонад аз амалҳои террористӣ эмин бошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, Раҳимзода зимни суханронияш дар Пекин гуфт, ҳодисаву воқеае, ки имрӯзҳо дар Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо рух дода истодаанд, мисоли равшананд, ки ҳамоҳангӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи моро бар зидди душмани умумӣ тақозо менамоянд.

Раҳимзода Тоҷикистонро нахустин давлати собиқ шӯравӣ хонд, ки бо мушкилоти терроризм ва экстремизм дучор гардида буд: “Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз давлатҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд.

Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро ба кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем”.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар идома фоида аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро сарчашмаи даромади ташкилотҳои террористӣ хондааст.

Дар хотима Раҳимзода барои паст намудани сатҳи таҳдиду хатарҳои замони муосир хостори баланд бардоштани мавқеъ ва нақши Интерпол дар таъмини ҳуқуқтатбиқкунии ҷаҳонӣ гардида, давлатҳоро ба ҳамкориҳои дастаҷамъона алайҳи ҷинояткорӣ даъват намудаст.

Вернуться назад