Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВКД: Сокини Душанбе бародарашро корд задааст
Главная > Тоҷикистон > ВКД: Сокини Душанбе бародарашро корд задааст

ВКД: Сокини Душанбе бародарашро корд задааст


12 октябр 2017, 13:57. Разместил: MG
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, боздошти ин мард дар пайи шикояти бародари 41-солаааш, ки сокини шаҳри Кӯлоб будааст, сурат гирифтааст. Ӯ дар аризаи худ навишта, ки 11 октябри соли 2017, тахминан соати 15:30 бародараш дар дохили бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе бо корд 1 маротиба ба баданаш задааст: “Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.

ВКД мегӯяд, ҳоло оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Вернуться назад