Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Консерти ройгон ва озоди ситораҳои тоҷику аврупоӣ дар Душанбе
Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Тема дня > Консерти ройгон ва озоди ситораҳои тоҷику аврупоӣ дар Душанбе

Консерти ройгон ва озоди ситораҳои тоҷику аврупоӣ дар Душанбе


13 октябр 2017, 17:28. Разместил: hd
Ситораҳои санъати тоҷик дар поёни Ҳафтаи фарҳангии Аврупо дар Тоҷикистон дар маркази Душанбе консерти ройгон баргузор мекунанд.

Тибқи иттилои дастандаркорони чорабинӣ консерт соати 17:00-и 14-уми октябр дар Майдони 800-солагии Москва баргузор мегардад.

Дар консерт ҳунарнамоии Далер Назаров, Парвин Юсуфӣ, Шириншо, гуруҳҳои “Шамс”, “Зафар”, “Вэст” инчунин “Dance Group” дар назар аст.

Ҳафтаи фарҳангӣ аз ҷониби дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб доир мешавад. Дар доираи ҳафтаи фарҳангӣ алакай семинар оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ҷашнвораи синамои Аврупо дар кинотеатри “Кайҳон”, намоишгоҳи акс ҳои аккосони Тоҷикистон ва Аврупо дар бораи зебогиҳои Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуданд.


Вернуться назад