Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > «Барқи тоҷик»: Тарифҳои мавҷудаи барқ зарароваранд
Главная > Тоҷикистон > «Барқи тоҷик»: Тарифҳои мавҷудаи барқ зарароваранд

«Барқи тоҷик»: Тарифҳои мавҷудаи барқ зарароваранд


26 январ 2012, 09:28. Разместил: administrator
Абдулло Ёров, райиси ширкати «Барқи тоҷик» мақсади фаъолияти ҳар ширкатро гирифтани даромад арзёбӣ карда, барои «Барқи тоҷик» ин корро бо тарифҳое, ки айни ҳол мавҷуданд, ғайриимкон номид.


Номбурда изҳор дошт, ки нархҳои мавҷудаи барқ барои рӯйпӯш кардани хароҷоте, ки ширкати «Барқи тоҷик» дорад кофӣ нестанд. «Ин кор (афзоиши нархи барқ) дар салоҳияти ҳукумати кишвар аст. Мо ҳанӯз порсол пешниҳод кардем, ки нархи барқ дар ҳаҷми 20 фоиз афзоиш ёбад, ки ҳоло ҳам дар баррасии ҳукумат аст. Ин ҷо паҳлӯҳои иҷтимоӣ ва нозукиҳои дигар аст».
Ёров таъкид кард, ки дар Тоҷикистон нархи барқ тайи чанд соли охир боло нарафтааст, балки баръакс барои сохторҳои зертобеи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об нархи барқро дар фасли гармо аз 6 дирам то 1,5 дирам кам кардаанд.  Айни ҳол нархи барқ барои аҳолӣ 9 дирамро ташкил медиҳад.
Коршиносон  мегӯянд дар пайи афзоиши нархи барқ дар шароити мавҷуда, ки сатҳи таъминоти аҳолӣ бо барқ паст буда, вазъи иҷтимоии мардум хуб нест, метавонад вазъи иҷтимоӣ шиддат ёбад.


Вернуться назад