Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ёров: Қарзҳои «ҳавоӣ»-и аҳолиро тафтиш намоед
Главная > Тоҷикистон > Ёров: Қарзҳои «ҳавоӣ»-и аҳолиро тафтиш намоед

Ёров: Қарзҳои «ҳавоӣ»-и аҳолиро тафтиш намоед


1 феврал 2012, 08:04. Разместил: administrator
Абдулло Ёров, райиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ба шабакаҳо ва шӯъбаҳои махсуси ширкат супориш додаст, ки қарзи аҳолиро аз барқ пурра мавриди санҷиш қарор диҳанд.


Ба иттилои ширкати «Барқи тоҷик» аҳолӣ ба ҳолати аввали соли равон аз барқ дар ҳаҷми 276,5 миллион сомонӣ қарздор аст, ки дар муқоиса бо оғози соли гузашта 69 миллион сомонӣ зиёдтар аст: «Ман росташа мегӯям, дар ҳақиқат ин рақамҳо мумкин пурра реалӣ набошанд. Мо ҳамаша аниқ қатии суроға ном ва фамилияи муштарӣ намедонем, ки фалон кас ҳамин қадар қарздор аст.  Мо инро ҳамааша рӯёнда наметавонем. Мумкин дар баъзе ҳолатҳо мо соҳиби қарзро намеёбем, ҳамон одам қарздор нест, қарз ҳаво ба рафтаст. Месанҷем ва агар қарз соҳиб надошта бошад, мо ин масъаларо бо ҳукумат баррасӣ ва ҳал мекунем»,- мегӯяд Ёров.
Айни ҳол қарздории аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо дар маҷмӯъ аз барқ 598,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки тайи соли гузашта тавонистаанд, қарздориро аз барқ дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион сомонӣ камтар намоянд.

Вернуться назад