Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Кӯлоб: Эътирози тоҷирони бозор ва посухи ҳукумати шаҳр
Главная > Тоҷикистон > Кӯлоб: Эътирози тоҷирони бозор ва посухи ҳукумати шаҳр

Кӯлоб: Эътирози тоҷирони бозор ва посухи ҳукумати шаҳр


27 феврал 2012, 09:27. Разместил: administrator
Якшанбеи 26-уми феврал як гурӯҳи бузурги тоҷирони кӯлобӣ бо нишони эътироз аз роҳбарияти бозори фурӯши таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии нақлиёт,  даст ба корпартоӣ заданд.


Эътирози тоҷирони кӯлобӣ дар заминаи баланд бардоштани қиммати иҷораи нуқтаҳои савдо аз ҷониби маъмурияти бозор ба шумор меравад. Ба гуфтаи тоҷирон, хариду фурӯш дар бозор дар сатҳи хеле поин қарор дошта, онҳо қудрати пардохти ҳаққи пешниҳодшударо надоранд.

Гуфта мешавад, ба назди эътирозгарон, ки тақрибан ҳамаи тоҷирони ин бозоранд, муовини раиси шаҳр Рустам Неъматов омада, аз вазъи рухдода шинос гардид. Зимнан, Неъматов ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Ҳамдигарнофаҳмӣ миёни савдогарон ва раиси бозор ба амал омада буд. Раиси бозори фурӯши таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ Нуралӣ Ҳасанов аз тоҷирон талаби боз 70 дирами дигар барои нуқтаҳои савдо кардааст, ки савдогарон ба ин дархост розӣ нашудаанд. Мо аз ҷамъомадагон дархост намудем, то бо маъмурияти бозор дар ҳамдигарфаҳмӣ омада, байни ҳам шартнома ба имзо расонанд».

Ҳамзамон, ҷаноби Ҳасанов гуфтааст, ки баланд бардоштани қиммати ҷой ба боло рафтани ҳаққи андоз барои бозор мебошад: «Тоҷирон инро мехоҳанд ё не, вале мо имконияти паст намудани нархро надорем». Ин ҳам дар ҳолест, ки барои ҳар нуқтаи савдо аз тоҷирон ба маблағи 50 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гашта буд. Аз ин ба баъд, қиммати ҳар ҷойи савдо 70 сомониро ташкил хоҳад дод.

Рустам Неъматов мегӯяд, ин бозор хусусӣ мебошад ва ҳукумат ба фаъолият ва ҳуҷҷатгузориву нархгузории он дахолат карда  наметавонад.


Вернуться назад