Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Роҳи Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб баста шуд. Бо сабаби тармафароӣ
Главная > Тоҷикистон > Роҳи Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб баста шуд. Бо сабаби тармафароӣ

Роҳи Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб баста шуд. Бо сабаби тармафароӣ


7 март 2012, 11:58. Разместил: administrator
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, бар асари фаромадани тарма дар километри 557-565-уми шоҳроҳи Душанбе -Хоруғ дар мавзеи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон роҳ муваққатан маҳкам шудааст.

 


Ҳамчунин, дар самти Хоруғ-Мурғоб бар асари шамоли барф (барфбод) дар километри 681-уми байни мавзеи Штам ва Вери ноҳияи Шуғнон муваққатан  роҳ баста шудааст.

 

-Феълан, дар ин мавзеҳо техникаҳои роҳсозон кор мекунанд ва роҳҳо аз барф тоза карда мешаванд,- афзуд Нозимов.

Гуфта мешавад, дар роҳҳои душворгузари мавзеъҳои зикргардида мавсими фаромадани тарма фаро расидааст, то об шудани барф хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад, ки барои мусофирон ва ронандагон хатарнок аст.


Вернуться назад