Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нерӯҳои эътилоф боз се сарбозашро аз даст дод
Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Нерӯҳои эътилоф боз се сарбозашро аз даст дод

Нерӯҳои эътилоф боз се сарбозашро аз даст дод


27 апрел 2012, 13:16. Разместил: administrator
Дар Афғонистон се сарбози нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният кушта шуд.

Ба иттилои расида, хидматчиёни ҳарбӣ дар пайи инфиҷори мин ба ҳалокат расидаанд. Намояндагии нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон гуфтааст, ки дар иртибот бо сиёсати НАТО наметавонад маълумоти бештареро дар мавриди сарбозони кушташуда ироа кунад. Аммо як афсари амрикоӣ бидуни бурдани номаш иттилоъ додааст, ки мақтулон шаҳрвандони ИМА ҳастанд.

 

Гуфтанист, рӯзи гузашта дар ҷануби Афғонистон ҳамчунин як сарбози дигари амрикоӣ кушта шуд. Ин хидматчии ҳарбиро марде дар либоси артиши миллии Афғонистон тирборон кардааст.

 


Вернуться назад