Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Тақвияти мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон амри зарурист
Главная > Тоҷикистон > Тақвияти мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон амри зарурист

Тақвияти мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон амри зарурист


13 июн 2012, 04:40. Разместил: administrator
Бо мақсади расонидани кӯмак ба сӣ намояндаи хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо, Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони диаспораи тоҷикон дар хориҷа, тақвият додани қобилияти онҳо дар ошкор намудани ҳолатҳои эҳтимолии хариду фурӯши одамон, муайян кардани ҷабрдидагон ва роҳнамоии онҳо барои кӯмак ба созмонҳои ҳукумативу ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз дар Душанбе ҳамойиши дурӯза ба кори худ шурӯъ менамояд.

Семинар аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузории Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил шудааст.
Дар иттилоияи сафорати ИМА, ки унвонии хабаргузории Озодагон ироа гардидааст, аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон кишварест, ки хариду фурӯши одамон бо мақсади истифодаи меҳнати иҷборӣ ва шаҳвонӣ аз он сарчашма мегирад. Барои сафоратҳо, консулгариҳо, хадамоти муҳоҷират ва созмонҳои диаспора мубориза бурдан бар зидди хариду фурӯши шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои қабулкунанда қатъиян муҳим аст. Аксари вақт ин гурӯҳҳо нуқтаи нахустини тамос байни кишвари аслӣ ва ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ҳастанд. Амри воқеист, ки кормандони расмии ин созмонҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилаливу маҳаллие, ки дар самти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон кор мекунанд, малакаҳои зарурӣ дошта бошанд.
Маврид ба ёдоварист, СБМ ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ USAID барои таъмин намудани кӯмаки муҳофизат ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд.  


Вернуться назад