Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Парвиз Собиров аз идомаи қувваозмоӣ дар Олимпиадаи Лондон маҳрум гашт
Главная > Тоҷикистон > Парвиз Собиров аз идомаи қувваозмоӣ дар Олимпиадаи Лондон маҳрум гашт

Парвиз Собиров аз идомаи қувваозмоӣ дар Олимпиадаи Лондон маҳрум гашт


1 август 2012, 10:42. Разместил: administrator
Парвиз Собиров, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дзю-до ва барандаи рохати Бозиҳои олимпии Лондон-2012, дар риштаи дзюдо, ки дар даври 1/16-ниҳоӣ дар вазни то 91 кило бо Мелони Робертои итолиёвӣ қувваозмоӣ намуд, муввафақ нашуд.

Вақти асосии сабқат миёни варзишгари тоҷик ва итоливӣ мусовӣ анҷом ёфт. Ба ҳарду варзишгар яктоӣ имтиёз (юко) дода шуд. Барои муайян намудани ғолиб се дақиқа вақти иловагӣ дода шуд. Ҳамин тариқ дар дақиқи сеюми вақти иловагӣ Мелони Робертои итолиёвӣ даст боло шуда ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Ёдрас менамоем, ки шоми имрӯз, 1-уми август, варзишгари дигари тоҷик, Анвар Юнусов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс,  дар ринг дар вазни 56 кило бо Оскар Валдеси мексикоӣ рақобат хоҳад кард. То имрӯз панҷ варзишгари тоҷик дар ин бозиҳо ҳунарнамоӣ карданд, вале мутаасифона ягон нишони ин мусобиқотро ба даст наоварданд.
Феълан варзишгарони 20 кишвар дар чор рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон сазовор шудаанд. Чин 13 медали тилло, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 9, Фаронса 4, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон 3, Италия, Олмон, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) 2, Ҷопон, Австралия, Руминия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Украина, Гурҷистон, Литва ва Словения 1 медали тиллоии мусобиқотро соҳиб шудаанд.



Вернуться назад