Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бадахшон: Ҳамагӣ 1 маротиба қонуни танзим нақз шудааст
Главная > Тоҷикистон > Бадахшон: Ҳамагӣ 1 маротиба қонуни танзим нақз шудааст

Бадахшон: Ҳамагӣ 1 маротиба қонуни танзим нақз шудааст


2 август 2012, 05:04. Разместил: administrator
Аз аввали сол то имрӯз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 71 ҳолати нақзи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор кардааст.

Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар шаҳри Душанбе 46 ҳолат, вилояти Хатлон 11, вилояти Суғд 10, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 ва ВМКБ 1 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд расидааст. Бино ба иттилои манбаъ, нисбати афроде, ки қонуни мазкурро нақз кардаанд, мавод тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардидааст.


Вернуться назад