Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дар Афғонистон се сарбози амрикоӣ кушта шуд
Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Дар Афғонистон се сарбози амрикоӣ кушта шуд

Дар Афғонистон се сарбози амрикоӣ кушта шуд


10 август 2012, 09:16. Разместил: administrator
Дар ҷануби Афғонистон се сарбози амрикоӣ кушта шуд.

Тибқи иттилои расида, хизматчиёни ҳарбии ИМА аз тири марде дар либоси нерӯҳои низомии афғон ба ҳалокат расидаанд. Ин ҳодиса шаби гузашта дар музофоти Ҳилманд ба вуқӯъ пайвастааст. Дар мавриди тақдири марди ҳамлавар хабаре нашр нашудааст. Ин бори аввал нест, ки нерӯҳои эътилофи мустаққар дар Афғонистон аз дасти афроди низомипуш кушта мешаванд. Рӯзи сешанбе низ дар шарқи давлати исломӣ марде дар либоси низомиёни Афғонистон як сарбози хориҷиро парронд. Дар мавриди шаҳрванди кадом кишвар будани мақтул иттилое нест.


Вернуться назад