Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев
Главная > Қазоқистон, Тоҷикистон > Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев


28 декабр 2012, 06:26. Разместил: administrator
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон барои садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётӣ барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд.

Аз хадамоти матбуотии президенти кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар барқия омадааст, ки хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид, президенти Тоҷикистонро сахт андӯҳгин намудааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи мазкур ба Нурсултон Назарбоев ҳамдардии самимонаи худро иброз доштааст: «Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ мо ба дарди Шумо нисбати ин талафоти вазнин шарик ҳастем. Хоҳишмандам ҳамдардии самимии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда изҳор намоед».

Вернуться назад