Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мизи мудаввари «Тоҷикистон – асри XXI»
Главная > Тоҷикистон > Мизи мудаввари «Тоҷикистон – асри XXI»

Мизи мудаввари «Тоҷикистон – асри XXI»


6 май 2011, 10:38. Разместил: administrator
Масоили иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, ҳамчунин иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар робита  имрӯз бо ибтикори мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI»  дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси масоили адолати судӣ дар мурофиаҳои ҷиноятӣ тавассути ВАО» мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, судҳои олӣ ва конститутсионӣ, шӯрои адлия, прокуратураи генералӣ, дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии рӯзноманигорӣ ширкат намуданд.

 


Мақсади ин чорабинӣ мусоидат ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд.


Дар ҷараёни мизи мудаввар муаррифии лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» матраҳ гардид. Тарҳи мазкур аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.


Ҳадафи асосии лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масъалаҳои мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.


Вернуться назад