Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Имкониятҳои таҳсил дар Лондон ба тоҷикистониён муаррифӣ мешаванд
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Имкониятҳои таҳсил дар Лондон ба тоҷикистониён муаррифӣ мешаванд

Имкониятҳои таҳсил дар Лондон ба тоҷикистониён муаррифӣ мешаванд


11 апрел 2013, 10:02. Разместил: hd
Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 18 ва 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе имкониятҳои таҳсил дар Лондон муаррифӣ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 18-уми апрел дар Донишкадаи авиатсионӣ ва рӯзи 19-уми апред дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ ва намоиши коллеҷи соҳибкорӣ ва маблағгузории Лондон (London School of Business & Finance) баргузор мешавад. Намояндагии Британияи Кабир дар Душанбе мегӯяд довталабоне, ки дар ин намоиш иштирок карда, мехоҳанд дар Англия таҳсил кунад, имкони таҳсил аз рӯи барномаҳои магистатура, бакалавр ва МВА дар коллеҷи соҳибкорӣ ва маблағгузории Лондонро доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, бахши маориф яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар аст. Сафир таъкид намуд, ки дар бозори забономӯзии Тоҷикистон талабот ба забони англисӣ рӯзафзун аст ва ӯ талош мекунад, муассисаҳои таълимии Лондонро ба ин бозор ворид созаду, сармоягузории кишварашро ба маорифи Тоҷикистон ҷалб намояд.

Вернуться назад